Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Оғози баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон дар парлумони Қирғизистон

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27 феврал ба баррасии созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Кумитаҳои порлумони Қирғизистон созишнома дар бораи марзи Қирғизистону Тоҷикистонро тасвиб карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти парлумони Қирғизистон.
“Имрӯз, 27 феврал дар ҷаласаи муштараки парлмон як қатор ҳуҷҷатҳо дар бораи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ ва ба тасвиб расонида шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ин кумитаҳо тарҳи созишномаи Бишкек ва Душанбе дар бораи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон, тарҳи Созишнома миёни ду кишвар дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард ва тарҳи Созишнома миёни кобинаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обӣ ва энержӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумон гуфтааст, "шурӯъ аз имрӯз муҳри махфӣ ё "барои истифодаи хидматӣ" аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон бардошта мешавад".
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд.
“Мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро мо аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳо (дар порлумони Қирғизистон) тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо мешавад. Баъдан мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд ва созишнома баста мешавад",-гуфтааст Тошиев.
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:
Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.