Нозирони ИДМ: Маъракаи таблиғотӣ муътадил ва бе вайрон кардани қонунгузорӣ идома дорад

Раванди интихоботи қарибулвуқуъи парлумони дар Тоҷикистонро 157 нафар нозир аз миссияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорат менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Леонид Анфимов, ки ҳайати нозирони ИДМ-ро дар интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни ин масъала табодули назар намуданд.
Таъкид гардид, ки 157 нафар нозирон аз ИДМ ба қайд гирифта шуда, ҳайати дарозмуҳлат аз 8 феврали соли 2025 тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти озоду шаффофи худро барои мониторинги омодагӣ ба интихобот ба роҳ мондааст.
КМИР тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар интихобот тасдиқ кард
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳайати нозирон бо роҳбарияти КМИР масъалаҳои ташвиқоти пешазинтихоботиро баррасӣ намуд, бо ситоди пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ вохӯриҳо гузаронид.
“Ҳамчунин нозирон бо вазъи омодагии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ шинос гардиданд”, - хабар додааст КМИР.
Чунонки аз ҳисоботи миёнадаврии ҳайати ИДМ бармеояд, маъракаи таблиғотӣ ба таври муътадил, бе амалҳои вайрон кардани қонунгузории интихобот идома дошта, тавассути воситаҳои ахбори омма инъикоси ҳамаҷонибаи раванди ташвиқоти пешазинтихоботӣ таъмин карда шудааст.