Меҳмонон аз Эрон: Омодагии мақомоти Тоҷикистон барои қабули хориҷиён дар ҷашни Наврӯз

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҷаласае ба масъулин супориш дод, ки барои қабули меҳмонон дар Наврӯз аз ҷумла аз Эрон омода бошнад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Душанбе дар ҷаласаи Кумитаи рушди Сайёҳӣ масъалаи дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон, аз ҷумла аз Эрон баррасӣ гардид.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷаласа бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба сайёҳонии дохилию хориҷӣ ва таҳлили вазъи соҳа баргузор гардид.
Дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
дар ин вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гардид.
“Барои анҷом додани хизматрасонии сатҳи баланд ба гардишгарон ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ нақши калон дорад”, - гуфт раиси Кумита.
Вай илова карлд, ки зиёд намудани хатсайрҳо тавассути автобус ва ворид намудани таомҳои миллӣ ба рӯйхати хӯрокҳои пешниҳодшуда дар тарабхонаю ошхонаҳо, инчунин ороиши инфрасохтори сайёҳӣ бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонӣ барои ҷалб ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик муҳим мебошад.
Тоҷикистон мунтазири ширкатҳои русӣ барои рушди зерсохтори сайёҳӣ аст
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Алиризо Ҳақиқиён сафири Эрон дар Тоҷикистони бо Ҷумъахонзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Дар ин дидори тарафайн дар хусуси мавзуъоти мутанаввии ҳамкорӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ, ба вижа торихӣ, фарҳангӣ, саломат, табиатгардӣ ва баргузарии ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои муштарак байни бахшҳои хусусии ду кишвар таъкид намуданд.
Ҳақиқиқиён дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ байни Эрону Тоҷикистон, бар зарурати эҷоди зерсохтҳо ва тавсеаи ҳавзаҳои мухталифи гардишгарӣ байни ду миллати дӯсту бародар, бавижа гардишгарии фарҳангӣ ва саломат таъкид кард.