ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Интихобот рӯзи якшанбе 2 март баргузор мешаванд.
Дар намояндагихои дипломатӣ ва муассисахои консулии Тоҷикистон дар хориҷа низ ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 кишвари ҷаҳон 36 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Шумораи бештари қитъаҳои интихоботӣ дар Русия – 5 қитъаи интихоботӣ мавҷуд аст.
© Sputnik
Дар Русия тоҷикон имкон доранд, ки дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ба вакилон ва ҳизбҳои дилхоҳи худ раъй диҳанд.
Аз ҷумла, дар Русия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии ҷумҳурӣ дар Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
Дар кишварҳои ИДМ, ба ҷуз аз Русия, тоҷикон метавонанд дар Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус ва Украина овоз диҳанд. Дар Қазоқистон ҳатто ду ҳавза – дар назди сафорат ва консулгарии генералӣ боз шудааст.
© Sputnik
Илова бар ин, шумо метавонед дар интихоботи порлумони Тоҷикистон дар кишварҳои дури хориҷа низ овоз диҳед.
Қариб дар тамоми ҷаҳон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ нуқтаҳои интихоботӣ мавҷуд хоҳанд буд. Дар баъзе кишварҳо ҳатто ду ҳавза вуҷуд доранд - масалан, дар ИМА шумо метавонед ҳам дар сафоратхона дар Вашингтон ва ҳам дар намояндагии доимии СММ дар Ню Йорк овоз диҳед.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар интихоботи 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ ширкат кунанд.
© Sputnik
Барои ширкат дар интихобот шумо бояд шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон дошта бошед.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботро имзо карда буд.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мешавад.