Тоҷикистон ба феҳристи 7 кишварҳое дохил шуд, ки тиҷораташ бо Русия афзоиш ёфтааст

Тиҷорати Тоҷикистон бо Русия дар соли гузашта 15,5% афзоиш ёфта, ба 2 миллиард доллар расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрист қатори ҳафт кишваре шомил аст, ки Русия бо онҳо табодули колоро афзоиш додааст.
Ин омор аз рӯйи натиҷаи соли 2024 бармеояд, РИА “Новости” онро дар асоси оморҳои миллӣ ҳисоб кардааст.
Тиҷорати Тоҷикистон бо Русия дар соли гузашта 15,5% афзуда, ба 2 миллиард доллар расид.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Русия додугирифти мол бо кишварҳои ҳамсояро ба 66,3 миллиард доллар афзоиш додааст.
Як сол пеш ин рақам 57,4 миллиард доллар буд.
Беш аз 85% тиҷорат миёни кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ сурат мегирад
Шарикони асосӣ Қазоқистон, Арманистон ва Узбакистон боқӣ мемонанд.
Дар Тоҷикистон содироти саноат ва кишоварзӣ дар соли 2024 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва ҳаҷми муомилот метавонист боз ҳам бештар шавад, агар кишвар тавассути ИИАО тиҷорат мекард.