ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Мактаби байналмилалии "Контакт"-и шаҳри Исфараи Тоҷикистон аз Рособрнадзор аккредитатсия гирифтааст ва аз ин ва баъд метавонад тибқи стандартҳои таълимии Русия таҳсилро ба роҳ монад.
Муассисаи таълимиро Азизҷон Ҳакимов, иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад шабакаи телеграми Ассотсиатсияи мактабҳои руси дар хориҷа.
Бомуваффақият гузаштани тарти дар Рособрнадзор ба мактаб имкон медиҳад, ки таълимро тибқи стандартҳои давлатии Русия ба роҳ монад.
“Дар ҳама муассисаҳои таълимии аккредитатсияшуда таълим ба забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ гузаронида мешаванд”, - қайд кардааст, Азизҷон Ҳакимов.
Қайд карда мешавад, ки аккредитатсияи гирифташуда аз сатҳи баланди маҳорати касбии омӯзгороне, ки дар мактаб кор мекунанд, мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва барномаҳои таълимии мувофиқи қонунгузории Русия шаҳодат медиҳад.
Азизҷон Ҳакимов қайд кард, ки гирифтани аккредитатсия барои мактаббачагон роҳҳои нав боз менамояд ва ба онҳо имкони гирифтани таҳсилоти босифатро медиҳад.
Ба гуфтаи вай, мақоми ба рушду такмили муассисаи таълимӣ мусоидат мекунад.