ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон кори як қатор муассисаҳои томактабии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синоро тафтиш кард, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати маориф.
Манбаъ афзуд, новобаста аз имконот ва таваҷҷӯҳу дастгириҳои зиёд дар ин муасиисаҳо камбудиҳои зиёд ҷо доранд.
"Камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мудирони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад", - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, Саидзода аз ҷумла кори муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №114-и ноҳияи Фирдавсиро тафтиш намуд, ки дар ин кӯдакистон 376 кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Мудири кӯдакистон бидуни сабаб дар ҷои кор ҳузур надошт, ҳолати таълиму тарбия нигаронкунанда буда, кӯдакон бе мураббия қарор доштанд ва ободонии гирду атрофи кӯдакистон низ дар ҳолати хароб қарор дорад, хулоса намудааст вазир аз фаъолияти ин кӯдакистон.
Чунин аҳволро вазир дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №128 ва "89 "Буратино" дар ноҳияи Сино мушоҳида кард. дар кӯдакистони якум 376 кӯдак ва дар "Буратино" 260 кӯдак ҳарчанд ба таълим фаро гирифта бошанд, лекин шароит ва корҳои ободонӣ дар дараҷаи паст қарор доранд.
Вазирро аз ҷумла ҳузур надоштани мудирони муассисаҳои томактабӣ дар вақти корӣ нигарон кард.
Ба таъкиди ӯ роҳбарият ва мураббияҳои боғчаҳо бояд дарк намоянд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ замина ё худ таҳкурсии асосӣ баҳри ояндаи насли наврас мебошад.
Интиқоди вазири маориф дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳод омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар боғчаҳои Тоҷикистон ҳатмӣ хонд.