ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро муайян карданд, гузориш медиҳад Маркази исломии ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол ин рӯз ба 1 март рост меояд.
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, бар асоси маълумоти илмӣ ва бар асоси бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, имсол моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи ҳафтаи равон фаро мерасад.
Тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 36 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 900 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Дар ин баробар фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 16 сомонӣ ва барои 30 рӯз 480 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 8 сомонӣ ҳисоб шудаст.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.