ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. 25 феврал дар бештари минтақаҳои водию доманакӯҳӣ ва шаҳри Душанбе бориши борон дар назар аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои кӯҳӣ охири рӯз бориши борон ба барф табдил меёбад. Инчунин дар ағбаҳо ва минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф дар назар аст.
Агентӣ қайд кардааст, ки 26 феврал дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ шабона гузариши борон ба барф дар назар аст.
“Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ пастшавии ҳарорат то 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад”, - хабар додаанд обуҳавошиносон.
Зикр гардидааст, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ бинобар номусоидии ҳаво, аз ҷумла хавфи сар задани тарма, яхбандӣ, фаромадани туман ва бадшавии дурии биниш пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин Агентии обуҳовошиносӣ ҳушдор додааст, ки аз 25 то 27 феврал бинобар бориши борон дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма имконпазир аст.
Ҳамин тавр Агентӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ эҳтиёткор бошанд.