Панҷ қурбониву миллионҳо сомонӣ зарар: эълони хисороти офатҳои табиӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд давоми як соли гузашта фавт аз ҳаводиси табиӣ камтар аммо, зарар аз он даҳ миллион сомонӣ бештар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Давоми як соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон 13 ҳодисаи фавқуллодаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Ҷамшед Кучаков, муовини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттилоъдод.
Ба гуфтаи ӯ ин ҳаводис ҷони панҷ нафарро гирифт ва беш аз 17 млн сомонӣ зарари молӣ расонид.
“Аз 13 ҳодиса дар 12 ҳолат омадани сел ва дар як ҳолат рухдоди раъду барқ сабт шудааст” - иттилоъ дод, Кучаков.
Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 17 нафар фавтид
Бино ба тавзеҳи ин масъули КҲФ сели харобиовар аз ҳама бештар дар шаҳри Панҷакент се ҳолат ва ноҳияи Айнӣ ду ҳолат рух додааст.
Ҳамзамон рухдоди чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Мастчоҳ, Ашт сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар вилоят давоми соли 2023, 7 ҳодисаи фавқуллодаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 6 кас ба ҳалокат расида ва 7 млн сомонӣ зарари иқтисодӣ расида буд.