Песков гуфт, ҳеҷ кас қаламравҳои нави Русияро фурӯхта наметавонад

Намояндаи Кремл ҳамчунин қайд кард, ки Русия барои музокироти сулҳ дар бораи Украина боз аст ва барои он муҳим аст, ки ҳеҷ чиз ба ин раванд халал нарасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ҳудудҳое, ки шаҳрвандони онҳо тасмим гирифтаанд, ба Русия ҳамроҳ шаванд, дигар ҳеҷ кас "фурӯхта наметавонад".
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи хатари "фурӯхтани" Украина ба ИМА изҳор дошт.
"Медонед, барои мо чизи асосӣ ин аст, ки одамон кайҳо тасмим гирифтаанд, ки ба Русия ҳамроҳ шаванд, барои мо ин чизи асосӣ аст",- гуфт Песков дар суҳбат бо рӯзноманигор Павел Зарубин.
Намояндаи Кремл ҳаминтавр ба савол дар бораи онки, оё хатаре ҳаст, ки Владимир Зеленский таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида "ниҳоят тамоми Украинаро метавонад бифрӯшад", аслан онро ба Иёлоти Муттаҳида диҳад, чунин посух дод.
Намояндаи Кремл ҳамчунин қайд кард, ки Русия барои музокироти сулҳ дар бораи Украина боз аст ва барои он муҳим аст, ки ҳеҷ чиз ба ин раванд халал нарасонад.
Левит: Трамп ба созиши хатми низоъ дар Украина дар ин ҳафта итминон дорад
Қаблан Майк Уолтс, мушовири президенти ИМА гуфт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз радди пешниҳоди Вашингтон дар мавриди металлҳои нодири замин ниҳоят ноумед аст ва умедвор аст, ки Зеленский мавқеи худро ба зудӣ тағйир хоҳад дод.
Дар авоили моҳи феврал Трамп гуфт, аз Украина сарвазҳои зеризаминияшро бар ивази маблағҳое, ки додан мехоҳад.
Ӯ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҷуз аз металлҳои нодири замин, мехоҳад аз Украина нафт ва "ҳар чизе"-ро бигирад, то маблағҳои додаашро ҷуброн кунад.
Президент афзуд, ки ИМА ва Киев барои расидан ба созиш дар мавриди истихроҷи маъдан “хеле наздиканд”.