"Истиқлол" бори ҳафтум барандаи Ҷоми ФФТ шуд

Ба футболбозон ғалабаро натиҷаи вохурӣ бо КМВА, ки бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт, таъмин кард. Ҳарду голро дар ин бозӣ Денис Беганович ба самар расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳод хабар додааст. Тими пойтахт бори ҳафтум аст, ки ин ҷоизаро соҳиб мешавад.
Ба футболбозон ғалабаро натиҷаи вохурӣ бо ЦСКА, ки бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт, таъмин кард. Ҳарду голро дар ин бозӣ Денис Беганович ба самар расонд. Ӯ инчунин беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Мабатшоев низ тарки "Истиқлол" кард
Ба ҷуз ҷоми футболбозон 50 ҳазор сомонӣ ба даст оварданд.
Даста қаблан дар солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2021 ғолиби ин мусобиқа шуда буд.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Ба тамошои бозиҳо қариб якуним ҳазор нафар мухлисон омаданд.
Тирамоҳи соли 2024 футболбозони бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 шуданд.
Гузашта аз ин даста панҷ бозӣ пеш аз анҷоми мусобиқа ба ин унвон ноил гардида буд.