ВУХ: Дар 28 давлати хориҷӣ 36 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд

Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ ташкил шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар интихобот иштирок намоянд.
Зикр карда шудааст, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи Тоҷикистон дошта бошанд.
КМИР тартиби иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар интихобот тасдиқ кард
Дар Русия муҳоҷирону шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ ба вакилон ва ҳизбҳои дилхоҳи худ раъй диҳанд.
Аз ҷумла дар Русия ҳавзаҳои интихоботӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шаҳри Маскав, дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт- Петербург, консулгарии генералии кшвар дар Новосибирск, консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар Екатеринбург ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа таъсис ёфтаанд.