Тоҷикистон имконоти гардишгариашро дар Эрон муаррифӣ кард

Дар шаҳри Исфаҳони Эрон намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор шуд, ки дар он Тоҷикистон тавонист тавони ҷумҳуриро дар ин самт ба намоиш гузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии "Сад ширкати сайёҳии ҷаҳон дар ними ҷаҳон" ширкат кард.
Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки ин ҳамоиш дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор шуд.
Намояндагони истироҳатгоҳи лижаронии “Сафед-дара”, ширкатҳои соҳавӣ ва кумита имкониятҳои ҷумҳуриро ба иштироккунандагони ҳамоиш намоиш доданд.
Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ барои ҷалби сайёҳони бештарро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо нияти имзои созишномаҳои шарикӣ байни ширкатҳои хусусии ду кишварро иброз доштанд.
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
Эрон қасд дорад теъдоди сайёҳони тоҷикро афзоиш диҳад.
Ризосолеҳ Амирӣ, вазири мероси фарҳангии Эрон, дар ҷараёни сафари ахири худ ба Душанбе аз тарҳи густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои гардишгарӣ, тиҷорат ва фарҳанг хабар дод.
Тибқи дурнамо шумори сайёҳонро дар як сол 100 хазор нафар мехоҳанд расонанд. Ҳоло ҳамагӣ 8 ҳазор нафар ба Эрон сафар мекунанд, шарҳ дод ӯ.