ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон куҳансарбози 99-сола Бозор Нағзибековро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик гуфтанд.
Ба собиқадор табрикнома, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои артиши Русия тақдим карда шуд.
Ғайр аз ин, пойгоҳи 201-уми Русия ба Нағзибеков як бастаи ғизоӣ ва гулдаста тақдим карданд.
Низомиён аз куҳансарбози 99-сола барои мардонагӣ ва қаҳрамоние, ки дар замони ҷанг нишон додааст, миннатдорӣ баён карданд. Ба ин мард саломатӣ ва умри дароз орзу карданд.
Дар навбати худ куҳансарбоз низ ба мехмонон миннатдорӣ баён кард. Вай аз даврони ҷанг ва душвориҳоеро, ки дар солҳои ҷанг аз cap гузарондааст, ёдовар шуд.
Куҳансарбоз инчунин дар бораи аҳамияти дӯстии халқҳо ва муҳаббат ба Ватанро хотиррасон кард.
Бозор Нағзибеков соли 1926 таваллуд шудааст. Вай тамоми Чанги Бузурги Ватаниро аз Масекав то Берлин тай кардааст.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон ният дорад рӯзи 23 февралро ба таври густарда таҷлил намояд.
Ба ин тартиб, дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як ҷашнвора баргузор мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Рустами Эмомалӣ фармони дахлдор имзо кардааст.