ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-солагии Конфронси Ялта мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинӣ таҳти унвони “Каҳрамонии халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ" баргузор шуд.
Ба ҳайати он дипломатҳо, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, таърихшиносон, сарбозони интернатсионалист ва мактаббачагон шомил буданд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ.
Зимни муҳокимаҳо дар мизи мудаввар, ки дар доираи фаъолияти маҳфили таърихии Хонаи рус дар Душанбе баргузор шуд, иштирокчиён изҳор доштанд, ки "дастоварди конфронси Ялта ин намоиш ба тамоми ҷаҳон аз имкони ҳамкории кишварҳо дар шароити ихтилофоти мавҷуда аст".
"Ҷиноятҳо бар зидди инсоният муҳлати надоранд. Эътирофи ҷиноятҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ содиркардаи рейхи сеюм тадбирест, ки барои баркарор намудани адолати таърихӣ нисбат ба ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки зиёда аз 27 миллион нафар зери зулми онҳо ба ҳалокат расиданд бояд кайҳо боз ба амал мешуд”, - гуфт Дмитрий Петров.
Круглый стол "Героический подвиг советского народа в Великой Отечественной войне", посвященный 80-летию Ялтинской конференции, состоялся в "Русском пространстве" РТСУ
© Foto / Русский дом в Таджикистане
Конфронси Ялта (Қрим) бо ҳузури рохбарони кишварҳои асосии муттаҳидони зиддигитлерӣ — Иттиҳоди Шӯравӣ, Бритониё ва ИМА аз 4 то 11 феврали соли 1945 дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон барпо шуд.
Қарорҳое, ки дар ин конфронсқабул карда шудаанд, ба сафарбар намудани қувваҳои муттаҳидон барои торумор кардани Олмони фашистӣ ва Ҷопонӣ милитаристӣ ёрӣ расонд.
Инчунин ин конфронс ба сохти ҷаҳонии баъд аз ҷанг асос гузошта.