ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бонки Рушди АвруОсиёии Рушд (БАОР) инфрасохтори обтаъминкунӣ дар қаламрави Осиёи Марказиро таҳқиқи кард.
Дар ин бора дар гузориши нави таҳлилии БАОР хабар дода шудааст.
Ҳамин тариқ, мутахассисони бонк маълум карданд, ки барои рушди устувор дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ кишварҳои минтақа бояд маблағгузориро ба соҳа афзоиш диҳанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин бахш дар Тоҷикистон дар солҳои 2025-2030 0,4 миллиард доллар сармоягузорӣ дар назар аст.
Дар баробари ин, коршиносони БАОР ҳисоб кардаанд, ки ин ниёзҳои кишварро, ки 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад, қонеъ намекунад.
Фосилаи минтақавӣ дар маблағгузорӣ барои Ҳадафи 6 Рушди Устувор (оби тоза ва санитария) 12,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Мутахассисони бонк дар ин гузориш ҳамчунин тавзеҳ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ягон ниҳоди давлатии масъули сиёсат ва рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ вуҷуд надорад.
Ҳамзамон, давлат манбаи таъмини об, сифат ва бехатарии оби нӯшокиро назорат ва сертификатсия мекунад, гуфта мешавад дар гузориш.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди саноати сохтмони Тоҷикистон то соли 2030 мақомот нақша доранд, ки шаҳрҳои ҷумҳуриро бо оби ошомиданӣ 90% ва канализатсия 75% (ба ҳисоби фоизи шумораи шаҳрҳо) таъмин намоянд.
Барои ин соҳа ба маблағи 950 миллион доллар ё 140 миллион доллар ҳамасола (барои солҳои 2024-2030) сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ лозим аст.
Қаблан Тоҷикистон тарҳи қатъномаи СММ дар бораи тағйири иқлимро дар Бангкок муаррифӣ карда буд.