Омодагии Тоҷикистон барои истифода аз зарфияти ширкати эронӣ дар сохти турбин

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷумҳурӣ аз зарфияти корхонаи “Мапно”-и Эрон дар заминаи сохту тавлиди турбинаи нерӯгоҳӣ истифода мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Қоҳир Расулзода сарвазири кишвар дар боздид аз ширкати сохту муҳандисии тавлиди турбини газӣ (Туго) “Мапно” дар шаҳри Фардиси устони Албурзи афзуд, ки Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои барқӣ, обӣ ва ҳароратӣ бархурдораст ва дар сохти турбинаҳо метавонад дар ин замина бо ин ширкати эронӣ ҳамкорӣ кунанд.
Вай изҳор кард, ки вақте аз ширкати сохту муҳандисии тавлиди турбини газӣ боздид кардам боис ифтихораст чунин ширкати бузурге дар Эрон фаъолият мекунад.
Расулзода гуфт, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ омодаи ҳамкорӣ бо гуруҳи санъатии “Мапно” дар заминаи санъати барқ ва сохт турбин ҳастанд ва мутахассисон метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Тоҷикистон аз Эрон бо нархҳои имтиёзнок мехоҳад нафт бихарад
Нахуствазири Тоҷикистони афзуд, ки ба зудӣ бо гурӯҳи санъатии “Мапно” ҳамкорӣ хоҳем дошт.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон ҳамчунин аз тавонмандиҳои мутахассисони “Мапно” дар саноат истифода хоҳад кард.