ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи Хазарро ба наздикшавӣ ба ИИАО даъват кард.
Дар ин бора ӯ дар Анҷумани сеюми иқтисодии Хазар дар Теҳрон изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки вуруди Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ҳайси кишвари нозир ба таҳкими равобити иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
"Ман дигар кишварҳои панҷгонаи Хазарро даъват мекунам, ки дар бораи манфиатҳои наздикшавӣ бо ИИАО фикр кунанд", - гуфт Оверчук.
Ӯ афзуд, ки Русия ва Эрон қариб пурра ба пардохтҳо бо пули миллӣ гузаштанд.
"Мо ба истифодаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷуҳи хоса медиҳем" - гуфт муовини нахуствазири Русия.
Оверчук таъкид кард, ки Русия ва Эрон тақрибан комилан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ бо истифода аз системаҳои худ барои интиқоли паёмҳои молӣ ва бонкӣ гузаштаанд.
Ӯ афзуд, ки Русия "дурнамои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Эронро бо бахшҳое аз қабили энержӣ, мошинсозӣ ва ҳавопаймосозӣ, киштисозӣ, дорусозӣ ва рушди зербинои нақлиётӣ мепайвандад".
Дар ҳоли ҳозир Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон намояндагони асосии ИИАО мебошанд. Эрон, Узбекистон, Куба ва Молдова мақоми нозирро доранд.
Ба панҷгонаи ҳавзаи Хазар Русия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон шомиланд.