Аз алоқаву интернет шикоят доре, занг занед: Хадамоти алоқа маркази тамос роҳандозӣ кард

Ҳадаф аз таъсиси Маркази тамосро, баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон минбаъд метавонанд, дар ҳолати мушкилӣ бо алоқаву интернет мустақим ба Хадамоти алоқа шикоят баранд.
Барои ин Хадамоти алоқа Маркази махсуси тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивиро роҳандозӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти алоқа хабар дода гуфтааст, минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 40-30 ба Хадамоти алоқа нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.
Гуфта мешавад, ки Маркази тамоси ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатии ҳафта фаъолият мекунад.
"Ҳамзамон Марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии кишвар пайваст буда, ба гунаи ҳамгиро ва ҳамоҳанг арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ мекунад",- афзудааст манбаъ.
Хадамот ҳадаф аз таъсиси Маркази тамосро, баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта бо механзими содаву дастрас барои шаҳрвандон медонад.
Раиси нав ҳам ваъда дод, ки нархи интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад
Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод, дар баробари содаву дастрас будани механизми нави онлайнӣ ва интерактивӣ, баррасӣ ва бартараф намудани оҷилӣ ва дақиқи арзу шикоятҳоро таъмин менамояд.
Ахиран раҳбари тозатаъйини ин ниҳод Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти хабарияш аронсозии қимати интернет ва беҳсозии суръати алоқаро ваъда дод.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои таъмини мавҷҳои иртиботот дар сурати набудани нерӯи барқ ​​ширкатҳо бояд батареяҳои иловагӣ насб кунанд.