Тоҷикистону Озарбойҷон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Вазири ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон имконоти густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Камолиддин Ҳайдаров, вазири ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Боку Илҳом Абдураҳмон масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бо паёмадҳои ҳолатҳои изтирориро баррасӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Озарбойҷон хабар додааст, дар ҷараёни вохӯрӣ вазир Ҳайдаров имкони рушди ҳамкориҳои байни вазоратҳои дахлдори Озарбойҷон ва Тоҷикистонро қайд намуд.
Ба гуфтаи вай, ҳамкории Академияи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ бо муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунад.
Даъват аз соҳибкорони Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ
Сафир дар навбати худ таъкид кард, ки равобити Озарбойҷону Тоҷикистон пайваста дар ҳоли густариш қарор дорад.
Дипломат изҳор дошт, ки барои густариши робитаҳои сохторҳои дахлдори ду кишвар дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда талош хоҳад кард.