ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2939,6 километр роҳи маҳаллӣ, аз ҷумла 287,7 километр мумфарш, 423,8 километр сангфарш, 2228,1 километр таъмири ҷорӣ ва 170 пулу лӯлаҳо ба маблағи умумии 254 миллион сомонӣ таъмир шудаанд.
Дар ин бора Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 62,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин мақомоти вилояти Хатлон аз саҳми соҳибкорони вилоят таъкид кардааст.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии роҳҳои таъмиру таҷдидшуда бо саҳми соҳибкорон 275,1 километр мумфарш, 348,2 километр сангфарш ва 44 пулу лӯла ба маблағи 200 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон мақомоти вилоят қайд намудааст, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми боркашонӣ ба 47,9 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 214,7 миллион нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм ҳаҷми боркашонӣ 5,3 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 41 миллион нафар зиёд аст.