Ифтитоҳи аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ дар Удмуртияи Русия

В Удмуртии открылась первая таджикская воскресная школа
Дар мактаби якшанбегии тоҷикӣ таваҷҷуҳи хос ба омӯзишӣ забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Хонаи дустии халқҳои минтақаи Удмуртия аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати ин минтақаи Русия хабар доданд.
"Дар Удмуртия барои бачагон мактабҳои миллии якшанбегии арманӣ, озарбойҷонӣ, узбекӣ ва яхудӣ мавчуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол ба ҷумхурии мо шумори зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки кудак доранд, меоянд ва Тоҷикистон дар ҷои дуюм аст. Барои мо муҳим аст, ки онҳо ба ҷомеаи мо зудтар ворид шаванд", - гуфт муовини вазири сиёсати миллӣ Александр Филатов.
Вай афзуд, ки дар ин мактаб таваҷҷуҳи хос ба омӯзиши забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад.
Барои дигар миллатхо низ машғулиятҳо ташкил карда мешаванд, то ки бо маданияти Тоҷикистон шинос шаванд.
Дар мактаби руси-тоҷикии ба номи Гагарин, аввалин кванториум ифтитоҳ шуд
Мактаби русӣ-тоҷикӣ дар Душанбе соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд - видео
"Мо нақша дорем, ки донишҷӯёни тоҷики солҳои охири таҳсилро, ки аллакай ба ҷомеаи мо мутобиқ шудаанд, ҷалб намоем, то онҳо ба ташкили дарсҳо ва кор бо кӯдаконро кумак намоянд, - қайд кард Александр Филатов.
Қайд карда шудааст, ки рӯзи 15 феврал дар аввалин дарси ин мактаб кӯдакон бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии аграрии Удмуртия ва бо хусусиятҳои забони точикӣ ошно шуданд.