ДУШАНБЕ,16 фев – Sputnik. Маъмурони Раёсати мубориза коррупсия дар вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳое ном бурданд, ки мавридҳои фасодкорӣ беш аз пеш ошкор шудааст.
Сафар Салимзода, директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ омореро ироа кард, ки тибқи он фасодзатарин шаҳру ноҳияҳо радабандӣ шудаанд.
Ҳамин тариқ, бар асоси додаҳо дар садри ҷадвал шаҳри Хуҷанд меистад, ки дар он 132 ҳолати ришвахорӣ ошкор гардида нисбат ба соли 2023 105 ҳолат зиёд аст.
Дар мақоми дуюм Исфара – 71 (2023 – 20) ва сеюм Деваштич – 40 (2023 – 27) меистад.
Зинаҳои баъдиро дар ришвахорӣ Истаравшан – 37 (2023 – 32), Гулистон – 8 (2023 -3), Панҷакент – 4 (2023 –0), Истиқлол – 8 (2023 – 5), Шаҳристон – 2 (2023 – 1) мегиранд.
Ҳамзамон дар ин давра ба гуфтаи Салимзода дар иддае аз шаҳру навоҳӣ мизони фасоди молӣ коҳиш ва ё нест шудааст.
Аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, ки соли 2023 чаҳор маврид сабт шуда буд, дар соли 2024 ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи додаҳо дар Конибодом низ мизон аз 50 ба 11, дар Спитамен аз 50 ба 15 ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 78 ба 38 ҳолат поин омадааст.
Инчунин коҳиши фасодкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов (29/30), Бӯстон (8/10), Ашт (10/22), Мастчоҳ (7/9), Зафаробод(6/14) ва Кӯҳистони Мастчоҳ (1/4) низ ба чашм мерасад.
Дар маҷмуъ давомисоли 2024 аз ҷониби маъмурони Идораи мубориза бо фасоди молӣ 427 (2023 – 419) ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва сабт гардидааз ин ҳисоб беш аз 16 млн сомонӣ маблағи зарари расида ба фоидаи давлат барқарор шудааст.