ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар соли 2024 дар Тоҷикистон се ҳамлаи террористӣ содир шудааст.
Боз ду ҳамлаи тарҳрезишуда пешгирӣ карда шуд, гуфт дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ.
"Дар соли 2024 дар Тоҷикистон се ҳамлаи террористӣ содир шуда, ду ҳодисаи онҳо пешгирӣ карда шуд, 1272 нафар аъзоёни созмонҳои террористию ифротӣ, аз ҷумла аъзои ДОИШ*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ* ва "Ҳизб-ут-таҳрир* муайян карда шуданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, 365 нафари онҳо боздошт шуда, 461 нафар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ҳамчунин 492 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро ва террористӣ дар Сурия ва Афғонистон буданд, ихтиёран ба Ватан баргаштанд.
"Теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар соли гузашта дар кишвар 996 адад афзоиш ёфта, беш аз 22,3 ҳазор нафарро ташкил дода, ҷиноятҳои марбут ба куштор ва сӯиқасд низ афзоиш ёфтааст: аз 57 адади соли 2023 то 75 адад дар соли 2024", - гуфт Раҳимзода.
Вай афзуд, дар як соли ахир 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор карда шуд, ки ба онҳо 90 нафар шомил буданд. Ин гурӯҳҳо дар маҷмӯъ 67 ҷиноят содир кардаанд.
Ҳамчунин, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод, ки ошӯб дар зиндони Ваҳдат аз ҷониби аъзои созмони террористии исломӣ ташкил шудааст.
* Ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.