ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тавре узви ҳайъати (вазири) рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Максим Ермолович гуфт дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё принсипи чаҳор озодӣ амалӣ мешавад.
Ин приснсипҳо: ҳаракати озоди молҳо, сармоя, меҳнат ва хизматрасонӣ дар тамоми қаламрави Авруосиё мебошад.
“Имруз ин минтака панҷ мамлакатро дарбар мегирад: Белорус, Арманистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон. Куба, Эрон ва Узбекистон дар иттиҳодияи мо нозиранд. Оилаи мо аллакай хеле калон аст. Дар иттиҳодия бештар аз 180 миллион нафар одамон мавчуданд. Яъне ин як бозори калону пуриқтидорест, ки комилан худкифо аст”,- гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки бо максади таъмини озодии ҳаракати сармоя, қувваи қобили меҳнат, мол ва хизматҳо сухан дар бораи гузаштан ба кооператсияи амиқи саноатӣ, аз чумла: ташкили корхонаҳои муштарак, таъмини амнияти озукаворӣ, сохибихтиёрии технологй меравад.
Максим Ермолович кайд кард, ки ИИАО бояд хамкориро амиқтар гардонад ва ба лоиҳаҳои азим аҳамияти бештар диҳад.
Вай афзуд, ки мустахкам шудани тамоми Иттиҳодия имконият медиханд, ки дарачаи баланди некуахволии мардумони ИИАРО баланд бардорад.