“Захира кардем”: чаро содироти Тоҷикистон коҳиш ёфт?

Тоҷикистон ба хотири ғайнисозии захираҳояш соли 2024 фурӯши метаҳои қимматбаҳоро, ки аз маҳсулоти асосии содиротияш аст, кам кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон сабабҳои коҳиши содирот ба хориҷи кишварро шарҳ дод.
Соли 2024 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ дар қиёс бо соли 2023 ҳудуди 500 миллион доллар ё 20% коҳиш ёфт.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, коҳиши содирот ба хориҷи кишвар қабл аз ҳама аз ҳисоби филизоти қиматбаҳо сурат гирифтаст.
“Бахусус, мо шоҳиди тағйири қимати тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳастем, ки то 3000 доллар сари 1 унсий боло рафт. Ҳар давлат стратегияи худро дорад. Талош мекунад, ки тилоро захира кунад, зеро ҳам захираҳои тилоӣ, ҳам захираҳои асъориаш зиёд мешавад”, - гуфт Нурмаҳмадзода.
Вай афзуд, аз ин хотир, ҳукумати Тоҷикистон салоҳ донист, ки фурӯшро коҳиш диҳад, то бар захираҳо афзуда шавад.
“Бидуни сиёсат”: чаро содироти сементу ангишт коҳиш ёфт?
“Ин мавзуъ назокатҳои зиёде дорад, аммо нуктаи муҳим ин аст, ки доштани захираҳо барои рушди иқтисодиёт ва ҷалби сармоя аз хориҷ як шарти муҳим аст. Сармоягузор чун мебинад, ки захираи кофӣ доред, бештар ҷалб мешавад. Рейтинги кишвар дар ҷаззобияти сармоягузорӣ боло меравад. Истеҳсол ки дорем, имкони захира кардан ҳам ҳаст”, - гуфт директори Агентии омор.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2024 ҳаҷми содироти молу амвол ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 947,4 миллион доллар баробар шуд.
Ин рақам дар соли 2023 2 миллиарду 448,8 миллион долларро ташкил мекард.