Тасдиқ шуд: Раҳмон ҷашни Ғалабаро дар Маскав таҷлил мекунад

Қаблан вазири мудофиаи Русия зимни як чорабинӣ изҳор дошт, ки 19 кишвар дар ҷашни Ғалаба, ки 9 майи соли 2025 дар Маскав баргузор мешавад, иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Русия Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро дар 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9 майи имсол дар Маскав таҷлил мегардад, интизор аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ, Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.
"Русия интизори ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав аст", - изҳор дошт Лавров.
Зимнан, вазири тоҷик низ нияти иштирок кардани Эмомалӣ Раҳмонро дар ин чорабинӣ таъйид кард.
Қаблан, вазири мудофиаи Русия зимни як чорабинӣ изҳор дошт, ки 19 кишвар дар ҷашни Ғалаба, ки 9 майи соли 2025 дар Маскав баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Раҳмон ба Путин: Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дастоварди ҳамаи миллатҳои Шӯравист
"Барои ширкат дар гузашти ҳарбӣ дар Майдони Сурх воҳидҳои низомии 19 кишвари дӯст даъват шудаанд, ки 10-тои онҳо аллакай ширкати худро тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ", - гуфта буд Андрей Белоусов зимни ҷаласаи кумитаи тадорукотӣ таҳти унвони "Победа".
Маврид ба зикр аст, ки иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Русия ҳамчун анъана шудааст.
Чунки президенти Тоҷикистон қариб ҳар сол ин ҷашнро ҳамроҳ бо ҳамтои руси худ ва кишвардорони дигари ИДМ дар Маскав мушатракан таҷлил мекунанд.