Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Маскав қарор дорад ва имрӯз, 13 феврал мулоқоти ӯ бо ҳамтои русиягиш Сергей Лавров баргузор мешавад.
Ба иттилои дарёфтӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар музокирот бо Сергей Лавров таҳкими шарикии стратегӣ, масоили амнияту мудофиа ва муҳоҷиратро баррасӣ хоҳад кард.
Аз ин қабл, вазири тоҷик дар Қазоқистон қарор дошт ва бо кишвардор Тоқаев ва вазири умури хориҷии он кишвар дидору мулоқот дошт.