Тоҷикистон бештар бо кадом кишварҳо додугирифт мекунад?: Посухи мақомот

Ба иттилои Агентии омори кишвар аксари маҳсулоте, ки дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешавад, аз Русия, Қазоиқистон ва Чин ваорид мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Содироти мол дар моњњои январ- декабри соли 2024 –ум 1947,4 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2023-юм 20,5% ё 501,4 млн. доллар кам шудааст.
Дар ин бора роҳбари Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай воридоти мол ба кишвар 7007,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2023-юм 19,2% ё 1127,5 млн. доллар зиёд шудааст.
Ҷамшуд Нурмаҳмадзода қайд кард, ки Тоҷикистон дар ин давра маҳсулоташро ба Чин – 21,1%, аз ҳаҷми умумии содирот, Швейтсария – 19,4% Қазоқистон – 10,1%, Туркия – 12,3%, Узбекистон – 9,1%, Эрон – 5,9%, Русия – 4,9%, Афғонистон – 5%, АМА – 1,3% ва ғайраҳо афзоиш додааст.
Мақомот: Дар Тоҷикистон аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3% қимат шудааст
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомдори тоҷик, воридоти мол асосан аз кишварҳои Русия – 26,9% аз ҳаҷми умумии воридот, Чин – 22,1%, Қазоқистон – 15,6%, Узбекистон – 5,9%, Швейтсария – 5%, Эрон – 3,8%, Туркия – 3%, Беларус – 2,4%, Ҷумҳурии Корея– 2,1%, ИМА – 1,9%, Олмон – 1,4%, Ҷопон – 1,3%, Ҳиндустон ва АМА 1% ва ғайраҳо сурат гирифтааст.
Қайд карда шудааст, ки дар амалиёти савдои хориҷӣ афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Швейтсария (29,4 млн. доллар) ва Афғонистон (91,1 млн. доллар) мушоҳида шудааст.