ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Хароҷоти тӯю маъракаҳо дар Суғд зиёд шудааст, мегӯянд масъулини Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо миллӣ.
Ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ ба саҳми хабарнигорон расонд, ки соли гузашта дар вилоят ҷамъан 21 131 маърака доир шуд, ки барои он беш аз 152 млн сомонӣ сарф шудааст.
Манбаъ афзуд, ин рақам дар қиёс ба соли 2023 ҳудуди 20 млн сомонӣ бештар аст.
Масъулин зикр намуданд, ки сокинони вилоят бештар ба нақзи Қонуни танзим даст мезананд. Танҳо давоми соли гузашта 410 ҳолати риоя нашудани қонун ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2023, 217 адад бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин низ да нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни танзим зикр кард.
Сулаймон Давлатзода гуфт, соли гузашта вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни танзим 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11,9 млн сомонӣ ташкил дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли қабл Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумиӣ” ро қабул намуд. Ҳукумат ҳадафи қабули чунин қонунро пешгирӣ аз исрофкориҳои беҳуда арзёбӣ мекунад.