ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Иқтисодҳои кишварҳои ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия) то соли 2030 метавонад ҳар сол аз 4,5% рушд кунад.
Дар ин бора дар як гузорише коршиносони академияи улуми Русия, ки ахиран дар нашрияи "Известия" нашр шудааст, пешгӯи карданд.
Тибқи пешгӯиҳои моҳи декабри Бонки марказии Аврупо рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро дар се соли оянда аз 1,5% зиёд нахоҳад буд.
Илова бар ин, коршиносони рус интизор доранд, ки ин рақам аз соли 2028 то соли 2030 на бештар аз 1,8% буд.
Донишмандони рус қайд мекунад, ки рушди бозори меҳнат қувваи пешбарандаи иқтисодиёти кишварҳои ИИАО мешавад.
Кишварҳои ИИАО аз боз будани сарҳадҳои байни онҳо манфиат мегиранд.
“Одамон метавонанд озодона ҳаракат кунанд ва дар ҷое, ки ба онҳо ниёз доранд, кор пайдо кунанд”, қайд кардааст Галина Рязанова, дотсенти Донишгоҳи давлатии менеҷменти Русия.
Қайд карда шудааст, ки ин корро метавон тавассути такмили технологӣ ва ҳавасмандкунӣ анҷом дод.
Зикр гардидааст, ки дар ҳамаи кишварҳои иттиход шуғли меҳнат меафзояд.
Илова бар ин, рушди саноати коркард ва кишоварзӣ ба иқтисодиёти иттиҳодия мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, рушди иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо, бахусус, бинобар бӯҳрони энержӣ ва болоравии нархи нерӯи барқ, суст мешавад.