ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз ҳама шаклҳои ҳамкорӣ ва муколама бо Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
"Мо ҳама шаклҳои ҳамкорӣ ва талошҳои ҷомеаи байналмилалиро, ки барои ноил шудан ба ризоияти байни миллатҳо дар ҷомеаи Афғонистон нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунем", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо тамоми имконоти иқтисодӣ, нақлиётӣ, транзитӣ ва башардӯстона ҳамеша омода аст, барои эҳё ва шукуфоии Афғонистон мусоидат кунад.
"Дар роҳи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ монеае вуҷуд надорад, онҳо байни ширкатҳо ва соҳибкорон пайваста тавсеа ёфта, робитаҳои корӣ барқарор мегарданд", - қайд кард роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ.
Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ аз сар гирифта, ба сокинони навоҳии наздимарзӣ имкон медиҳад, ки тиҷорат кунанд, ба аҳолӣ ёрии тиббӣ расонида мешавад ва интиқоли нерӯи барқ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз афзоиши шумори гурӯҳҳои ифротгаро дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст, гуфт вазири умури хориҷӣ.
Вай ҳамчунин ба интиқоли ҷангҷӯёни террористӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистон таваҷҷӯҳ кард. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, мақомоти масъули Тоҷикистон барои муқобила бо ин таҳдидҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.