Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Барои созиши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи роҳ ва об ҳал нашудааст

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, барои имзои созиши марзӣ ҳамагӣ чанд масъалаи ҳалношуда боқӣ мондаанду халос
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзои созиши марзӣ наздик омаданд.
Дар ин бора Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, хатҳои гузариши марзи миёни кишварҳо пурра муайян шуда, барои имзои аҳднома ҳоло танҳо чанд масъалаи дигар боқӣ мондааст.
"Масоили ҳалношуда ҷузъиёти техникии роҳе, ки миёни Исфара ва Ворух сохта мешавад, ва ҳамчунин чанд объектҳои обӣ ва истифодаи онҳо дар оянда, ки дар қаламрави ду кишваранд, мебошад.
Вазир гуфт, дар баробари созишномаи марзӣ, ҳамчунин ду шартномаи байниҳукуматӣ низ имзо мешавад, ки масъалаи истифодаи роҳҳо ва манобеи обиро барои ҳар ду кишвар муайян мекунад.
Вазир афзуд, ҳоло ин масъалаҳо дар баррасии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад ва қариб ҳар ҳафта гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави ҳамдигар дидору гуфтугӯ мекунанд.
Ёдовар мешавем, 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон дар пайи мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев аломатгузорӣ ва таъйини марзии қитъаҳои боқимондаи марзи миёни ду кишвар ба анҷом расидааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Мунтазири дастур ҳастем”: марз бо Қирғизистон кай боз мешавад?
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ шарҳи расмие дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ ба нашр нарасондааст.
Жеенебек Кулубаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон ба расонаҳо гуфтааст, ки гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар фақат пас аз ниҳоӣ шудани асноди ҳуқуқӣ боз хоҳанд шуд.
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин тараф вуҷуд дошт. Дар ин миён баҳсҳо ба даргириҳои мусаллаҳон низ мунҷар шуданд, ки дар онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ду давлат низ ширкат карда, талафони ҷонӣ низ дар пай доштанд.