Муҳриддин: Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС -ро надорад

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба ин иттиҳодияи байналмилалиро надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳанӯз нақшаи пайвастан ба БРИКС-ро надорад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон посух дод.
"То ҳол аз ин созмон пешниҳоди дахлдор нарасидааст ва аз ин рӯ, Душанбеи расмӣ барои пайвастан ба БРИКС тадбирҳо пешбинӣ накардааст", - тавзеҳ дод вазир.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ аз аҳамияти БРИКС ёдовар шуд ва гуфт, ин созмон василаи муқовимат бо кишварҳои Ғарб нест.
"БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест, мо бар зидди касе кор намекунем, мо барои манфиатҳои худ, ба манфиати кишварҳои узви ин созмон кор мекунем, мо дар чаҳорчӯби БРИКС ягон барномаи зиддиятнокро эҷод намекунем", таъкид карда буд Путин.
Путин: БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.