Бори аввал дар таърих ҷангандаҳои насли панҷуми Русия ва ИМА якҷоя муаррифӣ шуданд

Дар Ҳиндустон 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии кайҳонии Aero India 2025 дар Пойгоҳи Нерӯҳои Ҳавоии Yelahanka ҷараён дорад
Sputnik
Дар чорабинии бузург ҳайатҳои 30 кишвари ҷаҳон ва намояндагони беш аз 150 ширкати ватаниву хориҷӣ аз маҷмааи саноатии ҳарбӣ ширкат доштанд.
Ҳукуматдорони Ҳиндустон ният доранд, ки комёбиҳои навтарини комплекси ҳарбию саноатии худро намоиш диҳанд, инчунин бо комёбиҳои охирини шарикони худ шинос шаванд. Интизор меравад, ки созишномаҳои чанд миллиард доллара баста шаванд.