ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия дар бораи ҷараёни рафъи кӯшиши ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, воҳидҳои Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск беш аз 300 ҷангии украинӣ кушта, ду танк, мошини зиреҳпӯш, ҳафт мавқеъи идораи паҳпод ва се анбори тиру тӯп нобуд карда шуд.
"Дар давоми 24 соати охир қувваҳои мусаллаҳи Украина беш аз 380 низомӣ, ду танк, мошини зиреҳпӯши пиёданизом, се ммошини зиреҳпӯш, 18 мошин мошини , тӯпхона, 7 хумпораандоз инчунин 7 мавқеъи идораи паҳподҳои низомӣ нобуд карда шуд", - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Ҳамчунин вазорат аз асиршудани панҷ низомии украинӣ хабар дод.
Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск беш аз 59 250 низомии украинӣ, 357 танк, 260 мошини ҷангии пиёданизом, 260 зиреҳпӯш, 1900 мошин, 423 тӯпхона ва 48 мушакандози чандгона, ва ғайраро талаф дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.