ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар бораи ба куллӣ коҳиш ёфтани таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба бозори меҳнат дар Русия наметавон гуфт.
Дар ин бора Семён Григорьев, сафири Русия дар Душанбе дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.
Вай афзуд, ки дар пасманзари тадобири мақомоти Русия барои танзими соҳаи муҳоҷират, шумори шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Семен Григорев, Русия нигарониҳои шарикони худро дарк мекунад ва бо онҳо дар масъалаҳои барқарор кардани тартибот дар соҳаи муҳоҷират бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад.
"Мо ба дӯстони тоҷики худ барои иҷрои вазифаашон ташаккур мегӯем: намояндагони мақомоти Тоҷикистон барои алоқа бо диаспораҳо бо мо дар тамос ҳастанд ва дар байни корҷӯён дар Русия маъракаи фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шудааст", - афзуд сафир.
Григорев қайд кард, ки чораҳои мақомоти Русия барои ба низом даровардани соҳаи муҳоҷират асосноканд ва ба нафароне, ки қонунгузориро риоя мекунанд дахл надорад.
Вай изҳори итминон кард, ки бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия афроди шоиста ҳастанду қонунро риоя мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ки барои кор ба хориҷа мераванд, Русияро интихоб мекунанд.
Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли 2024 беш аз 392,8 ҳазор муҳоҷири корӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки 387,9 ҳазор нафарашон ба Русия рафтаанд.
Ратуомади муҳоҷирони корӣ ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли гузашта беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.