ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Сарфи назар аз таъсири омилҳои табиӣ кишоварзон дар шимоли Тоҷикистон бо заҳмати худ ҳаҷми истеҳсоли масулотро ба беш аз 22 млрд сомонӣ расонидаанд.
Амриддин Қосимзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд ин рақамро хушҳолкунанда арзёбӣ намуда, гуфт, он дар муқоиса ба як соли пеш (2023) 13 % ва ё қариб 2 млрд сомонӣ бештар шудааст.
“Бино ба ҳисобҳои оморӣ дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22, 4 млн сомонӣ расидааст. Аз ин ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 62, 7 % ва саҳми аҳолӣ 37, 3 % ро дарбар мегирад” – тавзеҳ дод, Қосимзода.
Бар пояи иттилои манбаъ дар ин давра аз ҳаҷми умумии мол 15, 5 млрд сомонӣ ба соҳаи рустанипарварӣ ва 6, 5 млрд сомонӣ ба соҳаи чорвопарварӣ рост меояд.
Инчунин дар зарфи як соли охир дар шаҳру навоҳии Суғд ба адозаи 22, 3 млн сомонӣ моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои агросаноатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дар таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нақши муассир дорад. Маҳсулоти дар навоҳии ин вилоят парвариш шуда ба ҷузъ бозорҳои дохилӣ ба хориҷӣ кишвар ҳам содир карда мешавад.
Бино ба маълумоти Идораи гумрук дар соли 2024 аз ҳудуди вилояти Суғд дар ҳаҷми наздик ба 1 млрд доллари амрикоӣ маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи сабзавот, пиёз, меваи хушк, меваи тар аз қабили зардолу гелос ва ангур ба хориҷи кишвар аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот шудааст.