Бунёди маркази логистикӣ аз ҷониби Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ният дорад дар шаҳрҳои бузургтарини кишвар ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Данғара марказҳои логистикӣ бунёд намояд.
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бунёди маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.
ба иттилои манбаъ, лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷараёни ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои узви Бонки исломии рушд (БИР) бахшида ба стратегияи бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, баррасӣ гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки роҳбари Гуруҳи БИР омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва афзоиши маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки соли равон дар Тоҷикистон сохтмони 5 маркази логистикӣ оғоз мегардад.
Марказҳои логистикӣ дар доираи лоиҳаи "Рушти устувори кишоварзӣ" дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Данғара сохта мешаванд. Корҳои лоиҳакашию банақшагирӣ ва асосноккунии техникӣ ба итмом расонида шудаанд.
Зикр карда шудааст, ки ин марказҳо бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот бунёд мегарданд.
Тавре дар Вазорати кишоварзии кишвар иттилоъ доданд, соли 2024 аз Тоҷикистон ба 26 давлати ҷаҳон 268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 226,7 миллион доллар содирот карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо, аз маҳсулоти содиротгардида нахи пахта 100,5 ҳазор тонна, сабзавот 30,8 ҳазор тонна, (аз ҷумла пиёз 29,2 ҳазор тонна), меваҷот 40,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 23,7 ҳазор тонна), меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.