ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия солҳо ба ин сӯ шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меояд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод, ки бо он вуҷуд ки гардиши мол миёни Тоҷикистон Русия афзойишро нишон медиҳанд, содирот аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст.
“Асосан коҳиш дар ҳаҷми интиқоли металли сиёҳ, партовҳои мис, ҷӯробҳо, нахи пахта, желатин, маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ омадааст”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, содироти маҳсулоти саноатӣ ба Русия аз Тоҷикистон дар соли гузашта 71,6 (соли 2023 – 46,1) миллион доллар ё 39,2% коҳиш ёфтааст, аммо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 24,6 (соли 2023 – 17) миллион доллар расид, ки 7,6 миллион доллар ё 44,7% зиёд аст. Дар умум, содироти Тоҷикистон ба Русия 96, 19 (соли 2023 – 134,72) миллион долларро ташкил дод, ки 38,53 миллион доллар ё 29% кам аст.
Тибқи иттилои Агентии содирот, гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон дар соли 2024 ба 1 миллиарду 981 миллиону 810,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 714 миллиону 999,1) ҳазор доллар баробар шудааст, ки 266 миллиону 811,2 ҳазор доллар ё 15,6% афзойишро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 955 миллиону 991,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 503 миллиону 244,9 ҳазор) ҳазор доллар баробар шуд, ки 452 миллиону 746,4 ҳазор доллар ё 30,1% афзойишро нишон медиҳад.
Содироти Тоҷикистон ба Чин 410,68 (соли 2023 - 313,83) миллион доллар ё 31% афзудааст. Дар ҳоле ки дар соли 2024 содироти Тоҷикистон ба Шветсария ба 377,10 (соли 2023 - 1 миллиарду 139,70) миллион доллар коҳиш ёфтааст ва 762,60 миллион доллар ё 67% кам аст, Чин соли гузашта аз ҳама зиёд молҳои Тоҷикистонро ворид кардааст.