Лавров бо вакилони СПАД масоили амниятӣ ва сиёсати хориҷиро баррасӣ кардааст

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, ба мавзӯи ҳамоҳангсозии ояндаи амният дар кишварҳои ин созмон дахл карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва раисони кумитаҳои парлумонии кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ онҳо натоиҷи ҳамкорӣ дар соли 2024-ро баррасӣ ва нақшаи рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъиро муайян карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ, таҳкими ҷанбаи парлумонии фаъолияти ассотсиатсия ва амиқтар кардани ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ муайян карда шуданд. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Дар ин чорабинӣ сафирони кишварҳои узв, аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ ширкат доштанд.
Илова бар ин, пеш аз ин нишаст дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов низ дар бораи аҳамияти афзоиши амнияти минтақавӣ сухан гуфт.
Ба гуфтаи вай, ин се созмон, ки аз лиҳози рӯҳӣ ва авлавиятҳои сиёсӣ ба ҳам наздиканд, метавонанд дар якҷоягӣ оҳанги талошҳо барои эҷоди як меъмории нави амнияти қитъавӣ, иртиботи тарҳҳои ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии равобити марказҳои рушд дар Авруосиёро муайян кунанд.
Дабири кулл ҳамчунин қайд кард, ки Барномаи мақсадноки СПАД оид ба таҳкими марзи байни Тоҷикистону Афғонистон, ки ахиран қабул шудааст, аз эътирофи хатарҳои баланд барои Осиёи Марказӣ, ки бо таҳдиди паҳншавии терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон алоқаманд аст, нишон медиҳад.
СПАД муҳлати иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро муайян кард
"Котибот идомаи мониторинги авзоъ дар Афғонистон ва афзоиши ҳамоҳангии талошҳо барои муқобила бо таҳдидҳои аз он саршударо муҳим мешуморад. Аҳамияти рушди муколама дар чаҳорчӯби гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД коҳиш намеёбад", - таъкид кард Тасмағамбетов.
Ёдовар мешавем, ки барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти моҳи ноябр дар Остона имзо карда буданд. Иҷрои ин тарҳ 5 сол тӯл мекашад ва аз се марҳила иборат аст: созмондиҳӣ, таҳвили аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва муҷаҳҳазсозии пурра дар тамоми периметри марз. Лоиҳа дар соли 2025 ба кор шурӯъ кард