ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ахиран вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қатъ шудани барқ дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024-ро шарҳ дод.
Ба иттлои ин вазорат дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и "Нав"-и шаҳри Душанбе, садамаҳои технологӣ ба амал омаданд.
Вазорат қайд кардааст, ки Зеристгоҳи дар боло зикршуда яке аз иншоотҳои муҳими барқтаъминкунандаи пойтахт ба ҳисоб меравад.
“Бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ доштани ин зеристгоҳ, бо сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 дар он садамаҳои технологӣ ба амал омаданд, ки боиси қатъ гардидани кори муътадили шабака ва халалдор шудани таъмини барқи сокинони пойтахт гардид”,- қайд кардааст вазорати энергетика.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" чораҳои фаврӣ андешида шуд.
“Дар муддати 14 рӯз дар зеристгоҳ автотрансформатори иқтидораш 125 МВА ва таҷҳизоти ҳимояи релегӣ васлу насб гардид. Ин тадбир имкон дод, ки серборӣ дар автотрансформаторҳои мавҷудаи АТ-1 ва АТ-2 коҳиш ёфта, фаъолияти онҳо ба ҳолати муътадил баргардонида шавад”, - зикр кардааст вазорат.
Хабар дода шудааст, ки эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи хизматрасонии зеристгоҳ куллан беҳтар гаштааст.
Қайд карда шудааст, ки заҳматҳои мутахассисони ширкати "Шабакаҳои интиқоли барқ" новобаста аз вазъи обу ҳаво имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқи устувор таъмин шуда, сатҳи эътимоднокии кори системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.