Кишоварзони тоҷик фурӯши маҳсулотро тавассути ИИАО судмандтар медонанд

Содироти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ёфт ва агар ин тиҷорат тавассути ИИАО сурат мегирифт, фоида ду баробар бештар мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Оҷонсии содироти Тоҷикистон натоиҷи фаъолияти худро барои соли 2024 ҷамъбаст кард.
Ҳамин тариқ, зимни нишасти хабарӣ сардори ин Оҷонсӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода изҳор дошт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии кишвар дар як соли охир 22% афзоиш ёфтааст.
"Дар соли 2024 корхонаҳои Тоҷикистон ба истиснои металлҳои қиматбаҳо ба маблағи тақрибан 1,6 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ содирот кардаанд", - гуфт ӯ.
Дар бахши кишоварзӣ бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 56,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 18% зиёдтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сироҷиддинзода, ҳаҷми он метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, аммо агар содироти коло тавассути ИИАО мешуд судмандтар мебуд.
Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард
"Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.
Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.