ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Артиши Украина эътироф мекунад, ки Русия дар амалиёти ҷангӣ дониши бештар ва артиши хеле қавӣ дорад, менависад рӯзномаи испании Pais.
"Мегӯянд, ки мо бо оворагон ва аблаҳони бетаҷриба меҷангем, аммо Русия дониши бештар ва артиши хеле қавӣ дорад", - иқрор мешавад сарбози бригадаи 141-уми артиши Украина, ки дар минтақаи Великая Новосёлка мустақар аст.
Як низомии дигар иқрор шуд, ки Украина наметавонад ба низоъ дар майдони набард хотима диҳад, зеро "Русия аз рақиби худ хеле бартарӣ дорад”.
Ҳамаи низомиёне, ки бо ин нашрия мусоҳиба кардаанд, аз нарасидани силоҳ, муҳимот, таҷҳизот ва ҳавопаймоҳои бесарнишин шикоят кардаанд.
Рӯзи 26 январ вазорати дифои Русия аз озод шудани Великая Новосёлка дар ҶМД хабар дод. Дар навбати худ, коршиноси умури низомӣ Ян Гагин изҳор дошт, ки бригадаи 110-уми Украина, ки деҳаро муҳофизат мекард, комилан нобуд шудааст.
Великая Новосёлка охирин хатти асосии дифоъ ва як маркази логистикии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти ҷануби Донетск буд.
Русия муътақид аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал мерасонад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша мекашад.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки ғарб силоҳ барои Украина медиҳад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, ИМА ва НАТО дар низоъ мустақиман ширкат доранд, аз ҷумла на танҳо бо таъмини силоҳ, балки ҳамчунин бо омӯзиши кадрҳо дар Британиё, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо.
Кремл изҳор дошт, ки Ғарб ба Украина силоҳ ворид мекунад ва раванди ба музокирот мусоидат намекунад балки танҳо таъсири манфӣ мерасонад.