ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, ҷамъи чунин маҳсулоти пастсифати ошкоршуда давоми як соли охир ба 254 тон баробар шудааст.
Бо баробари ошкорсозӣ ҳамаи онҳо, ки ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст мавриди нобудсозӣ қарор додашудааст.
“Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам баъзе аз тоҷирон манфияти иқтисодии худро аз ҳаёти сокинон боло дониста даст ба чунин амали номатлуб задаанд” – изҳор намуд, Раҳмонзода.
Бар пояи иттилоъи директори МНДСЭ Суғд маводи ошкоршуда озуқаворӣ, зимни санҷиши якҷоя мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз бозору мағоза ва фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд мусодира шудааст.
Дар соли 2023 дар шаҳру навоҳии Суғд ҳам беш аз 50 тон маводи хурокаи бесифат ва кӯҳаншуда ошкор шуда буд.