ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар тӯли 10 сол 25,4% афзоиш диҳанд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттило Комиссия рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар ИИАО дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳониро таъмин мекунад, ҳамчунин амнияти захираҳои озуқавориро беҳтар карда дастрасиро ба хизматрасониҳои молиявӣ соддатар мекунад.
Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Гоар Барсегян кайд намуд, ки умуман тадбирхои системавии аз тарафи давлатҳои аъзо андешидашуда имкон доданд, ки дар давоми даҳсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 25,4% зиёд карда шавад.
Савдои мутақобила дар таъмини Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо озуқа нақши муҳим мебозанд. Ҳаҷми он 1,6 баробар афзуда, ба ҳамин хотир сатҳи таъминоти ИИАО ба навъҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа ба 93% расид.
"Ин тамоюли мусбатро на танҳо нигоҳ доштан, балки афзоиш додан ҳам муҳим аст", - таъкид кард вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.