ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар наздикии Душанбе бахшида ба 82-умин солгарди шикасти нерӯҳои Олмон дар набардҳои Сталинград ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чорабинӣ дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар деҳаи Сомониён баргузор шуд.
Зиёда аз сад нафар дар назди назди ёдгории низомӣ бо оташи абадӣ ва муҷассамаи биринҷии сарбози шӯравӣ, ки соли 1975 кушода шуда буд, ҷамъ омаданд.
Ёди қаҳрамононро намояндагони намояндагиҳои дипломатии Русия ва Беларус, Пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва Россотрудничество, созмонҳои собиқадорон, мактаббачагон ва ихтиёриёни Ғалаба гиромӣ доштанд.
"Ин воқеаи асосии Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид, ки пушти фашистҳои немисро шикаст. Мо бояд фахр кунем, ки фарзандони Тоҷикистон ҳамроҳи тамоми фарзандони Иттиҳоди Шӯравӣ дар торумор гардондани нерӯҳои фашистӣ дар шаҳри соҳили Волга иштирок доштанд", - изҳор дошт дар ҳамоиш муаррихи ҳарбӣ Ғафур Шерматов.
Вай қайд кард, ки тоҷикон дар худи шаҳр дар ҳайати дивизияи 61-уми савораи ҷумҳуриявӣ меҷангиданд, ки монеи гузаштаи танкҳои немисҳо ба сӯи Сталинград шуд.
Ба гуфтаи Шерматов, сарбозони тоҷик дар худи шаҳр низ меҷангиданд.
Қаблан дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба солгарди озод шудани Ленинград аз муҳосираи душман намоишгоҳи аксу наққошӣ баргузор шуд.
Чорабинии мазкур силсилаи чорабиниҳои ватандӯстонаро дар шимоли Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки ба 82-солагии рахна шудани муҳосираи Ленинград (18 январи 1943) ва 81-умин солгарди аз муҳосираи фашистӣ пурра озод карда шудани Ленинград ( 27 январи соли 1944) бахшида шудааст.