ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири худ, пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби додситони кул ва Шермуҳаммади Шоҳиён аз мансаби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон пазируфт.
Юсуф Раҳмон, ки ба ҳайси додситони кулли Тоҷикистон давоми даҳ сол кор карда буд, аз мақомаш барканор шуд.
Дар фармони президент аз 23-юми январ гуфта шудааст, ки Юсуф Раҳмон "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҷойи нави кораш ҳанӯз маълум нест.
Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласаи навбатӣ ба номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола ба вазифаи додситони кулли Тоҷикистон розигӣ доданд. Номзадии ӯро раисҷумҳур пешниҳод карда буд.
Воҳидзода аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзмон додситони ҳарбӣ кор кардааст. Аз он пеш раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.
Инчунин бо қарори Маҷлиси Миллӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён низ расман аз мансаби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Рустам Мирзозода таъйин шуд.
Бояд гуфт, ки Шоҳиён аз соли 2015 ба ҳайси раиси Додгоҳи олиии Тоҷикистон кор кард.
Ба ҷойи Шермуҳаммади Шоҳиён, ки дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад, дар мансаби раиси Додгоҳи олӣ номзадии Рустам Мирзозода пешниҳод шудааст.
Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 аъзо дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аст.