ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба гузориши вазорати дифои Русия барои рафъи талоши ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба қаламрави Русия, гурӯҳи “Шимол” воҳидҳои украиниро дар манотиқи 29 деҳаи вилояти Курск зарба зада шикаст доданд.
"Дар ҷараёни амалиёти ҳуҷумӣ воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои шимолӣ нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро дар маҳалҳои аҳолинишини Викторовка, Гоголевка, Гончаровка, Гуево, Дарино, Зазулевка, Заолешенка, Казачя Локня, Колмаков, Коситса, Кубаткин, Куриловка, Лебедевка, Локня, Малая Локня, Мартиновка, Маревка, Махновка, Меловой, Мирний, Николский, Новая Сорочина, Погребки, Рубаншина, Старочина, Старкожа, Старка, Рубаншина, Старкожад, Поречное ва Южный, торумор карданд", — гуфта мешавад дар хабар.
Қайд карда мешавад, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ ба минтақаҳои шаш маҳаллаи аҳолинишини вилояти Суми Украина ба маҳалли ҷамъшудани нерӯҳои украинӣ ва техника зарба заданд.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шикаст додани воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи январ дастикам 44 520 низомии худро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ талаф додааст.
Ба иттилои азорати дифои Русия дар ҳамин давра ҷангҷӯёни украинӣ 64 танк, аз ҷумла 9 тонки "Леопард" ва ҳавопаймоҳои Су-27 ва МиГ-29-ро аз даст доданд.
Талафоти нерӯҳои украинӣ давоми як моҳи гузашта танҳо дар самти Курск ба 10 110 нафар низомӣ ва теъдоди зиёди техникаву таҷҳизот расидааст.